Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Хатти хубон ҳам ҳарифи табъи ваҳшатпеша нест

Хатти хубон ҳам ҳарифи табъи ваҳшатпеша нест, Тухми шабнам дар раги гул дар тилисми реша нест. Пириям роҳи фано бар зиндагӣ ҳамвор кард, Бесутуни умрро ҷуз қомати хам теша нест. Дастгоҳи маънии нозук суханро зевар аст, Ҷавҳари ин теғ ҷуз печухами андеша нест. Пой дар доман кашидан нашъаи ҷамъият аст, Бодаи моро чу шабнам эҳтиёҷи шиша нест. Сози ҳастӣ якқалам омодаи барқи фаност, Мушти хошоке, ки натвон сӯхтан, дар беша нест. Об гардидем, бар ҳар гул ки чашме дӯхтем, Шабнами моро ба ғайр аз худгудозӣ пеша нест. Дил зи мақсад ғофилу он гоҳ лофи ҷустуҷӯ? Шарм дор аз маънии лафзе, ки дар андеша нест. Пайкари хамгашта иншо мекунад мӯйи сафед, Мавҷи ҷӯйи шир бе имдоди оби теша нест. Аз сари афтода побарҷост бунёдам чу шамъ, Нахли таслими маро ғайр аз тавозуъ реша нест. Бедил, аз хешон намебояд ионат хостан, Мӯмиёӣ чорафармои шикасти шиша нест.