Ханда субҳест, ки дар банди гиребони гул аст
Ханда субҳест, ки дар банди гиребони гул аст,
Айш мавҷест, ки саргаштаи тӯфони гул аст.
Ғунчаро бӯйи дилафзо сухани зерилабист,
Хулқи хуш абҷади тифлони дабистони гул аст.
Маҳви рангинии гулзори тамошои туам,
Аз нигаҳ то мижаам арзи хиёбони гул аст.
Баски сад ранг ҷунун зинда шуд аз бӯйи баҳор,
Дами Исо хиҷил аз ҷунбиши домони гул аст.
Дар гулистони вафо саъйи касе зоеъ нест,
Ранг ҳам гар равад аз худ, пайи сомони гул аст.
Оламе чашм ба гарди рами мо равшан кард,
Дами субҳ оинапардози чароғони гул аст.
Эй хуш он дида, ки дар анҷумани тозаниёз
Боли булбул ба назар дораду ҳайрони гул аст.
Даври беҳушии моро қадаҳе лозим нест,
Гардиши ранг ҳамон лағзиши мастони гул аст.
Ғунчасон ғафлати мо боиси ҷамъияти мост,
В-арна, бедории гул хоби парешони гул аст.
Мотаму сури ҷаҳон оинаи якдигаранд,
Мақтаи оҳи саҳар матлаи девони гул аст.
Дидае во куну найранги таҳайюр дарёб,
Ин гулистон ҳама як захми намоёни гул аст.
Бедил, аз ёди рухаш ғӯта ба гулшан задаем,
Сари андешаи мо маҳви гиребони гул аст.