Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Хандаам субҳе ба сад чоки гиребон ошност

Хандаам субҳе ба сад чоки гиребон ошност, Гиря селобе ба чандин дашту домон ошност. Сояамро метавон чун зулфи хубон шона кард, Баски табъи ман ба сад фикри парешон ошност. Дастам аз дил барнамедорад гудози орзу, Сел умре шуд, ки бо ин хонавайрон ошност. Аз фусуни носеҳон бар хеш меларзам чу об, Як тани урёни ман бо сад зимистон ошност. Ҷаври ҳусну сабри ошиқ тавъами якдигаранд, Бо хаданги ӯ дили ман ҳамчу пайкон ошност. Дургарди васлам, аммо дар тамошогоҳи шавқ Бо дилам тири нигоҳаш то ба мижгон ошност. Нестам огаҳ, чӣ гул мечинам аз боғи ҷунун? Ин қадар донам, ки дастам бо гиребон ошност. Ҳеҷ кас дар боргоҳи огаҳӣ мардуд нест, Софии оина бо габру мусулмон ошност. Ғарқи дил шав, то ба асрори ҳақиқат ворасӣ, Қаъри ин дарё ҳамин бо ғӯтахорон ошност. Мо – ҷунункорон зи тоқат якқалам бегонаем, Сахтҷонӣ бо дили саброзмоён ошност. Базми васлу ҳастии ошиқ хаёле беш нест, Қатра, даст аз худ бишӯ, ҳарчанд тӯфон ошност. Бедил, ин маҳфил ниҳон дар гиряи шамъ асту бас, Доғи он захмам, ки бо лабҳои хандон ошност.