Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Худнамоиҳо касофатҷавҳарист

Худнамоиҳо касофатҷавҳарист, Шиша, то дар санг мебошад, парист. Эътибор ин ҷо надорад офият, Шамъ сар то пош помоли сарист. Сарв гул нокарда, озодӣ махоҳ, Ин самар вақфи баҳори бебарист. Пунба неҳ дар гӯшу вокаш бехалал, Хонаи осудагӣ қуфлаш карист. Бехудиро чорсӯи ноз кун, Ранг гардондан дукони ҷавҳарист. Оташам, оташ, мапурс аз кисватам, Ҳар чӣ мепӯшам, ҳамон хокистарист. Инфиоли саҷда з-он дар мебарам, Чун ҷабин бар ман арақ бояд гирист. Рангҳо яксар шикастомодаанд, Ин гулистон олами миногарист. Якқалам мӯйи шиканпарвардаем, Паҳлуи мо нардбони лоғарист. Фитрат аз норостӣ чап мехурад, Лағзиши ин хома аз бемистарист. Васл пайғом аст, чун омад ба ҳарф, То худое гуфтаӣ, пайғамбарист. Мардро дар халқ мунсиф зистан Бар сипеҳри авҷи иззат меҳварист. Чун арақ гавҳарфурӯши хиҷлатем, Қимати мо инфиоли муштарист. Бедил, аз бунёди мо хиҷлат нарафт, Хоки мо чун об мавзӯи тарист.