Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Агар иҷоза диҳӣ, боз мезиям, эй дӯст,
Агар иҷоза диҳӣ, боз мезиям, эй дӯст, Маҷози асламу асли маҷозиям, эй дӯст. Агар гунаҳ кунам, аз дӯзахи ту бимам нест, Сақар ҳаросад аз ин худгудозиям, эй дӯст.
Ҳар чӣ фармоиям, ба ҷон, эй дӯст,
Ҳар чӣ фармоиям, ба ҷон, эй дӯст, Ҳар чӣ гӯӣ, шавад ҳамон, эй дӯст. Мурғи лоҳутиям зи хониш монд, Бикушо қуфлаш аз забон, эй дӯст.
Ҳанӯз равзанаи ман ба боғи гул боз аст,
Ҳанӯз равзанаи ман ба боғи гул боз аст, Ҳанӯз шаршара бо шаршара ҳамовоз аст. Бубин, ки ишқи ману ту азим монеа шуд Ба роҳи омадани дай, ки гулбарандоз аст.
Дар лавҳи чаман чакомаи хуршед аст,
Дар лавҳи чаман чакомаи хуршед аст, Имзои нафиси хомаи хуршед аст. Ин шоҳсавори тундрав - яъне рӯз Дар аспи чаҳоргомаи хуршед аст.
То туро, эй хуҷастамашраб, ёфт,
То туро, эй хуҷастамашраб, ёфт, Ишқи ман оқибат мухотаб ёфт. Аз залолат расид то рифъат Дил, ки бо амри дӯст мансаб ёфт.
Давоми кӯча торик аст, аммо боз бояд рафт,
Давоми кӯча торик аст, аммо боз бояд рафт, Сӯи фарҷом шодон чун сӯи оғоз бояд рафт. Зи пушти нӯҳ фалак меояд овози наҷоти ёр, Дигар бебок сӯи охирин овоз бояд р
Меравам, меравам, эй шаҳр, ба маҷрои сапедат,
Меравам, меравам, эй шаҳр, ба маҷрои сапедат, Нигаҳам мешиканад маҳви таҷаллои сапедат. Ман киям, он ки буридаст зи сарчашмаи дураш Шарҳа - шарҳа, шоха - шоха ҳ
Гарчи ҳар рӯзи Худо рӯзи муборакқадам аст,
Гарчи ҳар рӯзи Худо рӯзи муборакқадам аст, Рӯзи милоди ту, эй ёр, саодатрақам аст, Раҳ ба раҳ боз кунам ҷойнамози коғаз, Ишқ, бархез, ки ҳангоми рукӯи қалам аст
Ақли ҳазортаҳлил, тадбири кор чун аст,
Ақли ҳазортаҳлил, тадбири кор чун аст, Гуфтам, ки доварӣ кун, гуфтӣ: чӣ озмун аст. Дидӣ, ки чархи фосиқ чун кард бо фаришта, Аз ошёни чорум хуршед сарнагун аст.
Имрӯз рӯзи оинадорон аст,
Имрӯз рӯзи оинадорон аст, Фархундаҷашни нуртаборон аст. Ҳар як гулу гиёҳ саодатманд Аз соядасти обии борон аст.
Ба сулуки дароз хоҳам рафт,
Ба сулуки дароз хоҳам рафт, Ба футӯҳи фароз хоҳам рафт. Раҳ ба раҳ то фарози истиғно Аз нишеби ниёз хоҳам рафт.
Эй расида аз фардо, то ту чун тавонам рафт,
Эй расида аз фардо, то ту чун тавонам рафт, Эй ҳанӯз нопайдо, то ту чун тавонам рафт. Рӯди рострав будам, нағмасози нав будам, Ман, ки бохтам маҷро, то ту чун т
Эй дили гултабор, фурсат ҳаст,
Эй дили гултабор, фурсат ҳаст, То гусели баҳор фурсат ҳаст. Гунаҳам кӯҳу тавбаам коҳест, То ба рӯзи шумор фурсат ҳаст?
Нознозон меравад ҷӯбори маст,
Нознозон меравад ҷӯбори маст, Шаб ба шаб домони пуркавкаб ба даст. Сояҳои заврақи заррини маҳ Меравад рӯ-рӯи ҷӯ болову паст.
Падруд, ҳабиби дил, дил мурд зи ҳиҷронат,
Падруд, ҳабиби дил, дил мурд зи ҳиҷронат, Дил мурд, муборак гӯ бо куштани осонат. Дар хотири чашми ман чашмони ту монду бас, Чашмони ту монду бас - савганд ба ч
Ҳама оғози неки ман зи дидори нахустинат,
Ҳама оғози неки ман зи дидори нахустинат, Ба дил чизе намегунҷад ба ғайри ёди ширинат. Сиёҳӣ мезанад чашмам зи дарди дурият ҳар дам, Ба пеши чашм меояд ба ҷавло
Ҳавои рӯҳи маро тоза кун ба омаданат,
Ҳавои рӯҳи маро тоза кун ба омаданат, Биҳиштро ба замин кӯч деҳ ба як суханат. Чаро ба таҳнияти хуфтагон намеояд Паёми субҳфурӯзат, тулӯъи шабшиканат?!
Шаб, эй шаб, эй шаб, шаби лаболаб,
Шаб, эй шаб, эй шаб, шаби лаболаб, Шаби лаболаб зи себи кавкаб. Дилам чун олуст, пур аз талолуст Пур аз талолу чу моҳи Нахшаб.
Парда туӣ, роз туӣ, эй ҳабиб,
Парда туӣ, роз туӣ, эй ҳабиб, Парда фитад, боз туӣ, эй ҳабиб. Номи ту бигрифтаму боло шудам, Матлаъи парвоз туӣ, эй ҳабиб.
Дайро кушад нигоҳи нигаҳбанди офтоб,
Дайро кушад нигоҳи нигаҳбанди офтоб, Мусиқии дирафши зафарманди офтоб. Субҳонаи нигоҳи башоратпазир чист, Қанди сафеди субҳу шакарханди офтоб.
Аз паси хона мерасад шарфаи пои офтоб,
Аз паси хона мерасад шарфаи пои офтоб, Эй дили субҳбохта, хез, шитоб кун, шитоб. Хоби абад, ки дар пай аст, хез ба ҷашни зиндагӣ, Гӯй, ки чист зиндагӣ баъди ҳаз
Ту, эй чароғи ҳидоят, ту, эй фурӯғи савоб,
Ту, эй чароғи ҳидоят, ту, эй фурӯғи савоб, Фитодаем дар ин кӯрараҳ, ба мо бартоб. Ба ҳиҷла рафтию моро дигар намебинӣ, Ки рӯи ҳазрати Ҳақ дидаӣ бидуни ҳиҷоб.
Дилам хун, дилам хун, дилам хун, Худоё,
Дилам хун, дилам хун, дилам хун, Худоё, Худоё, мадад кун, ҳам акнун, Худоё. Магар чашми каҷ дорам, ин ки бидидам Фалакро чу тоқии ворун, Худоё.
Гул ба гул омадӣ, баҳор, биё,
Гул ба гул омадӣ, баҳор, биё, Офтобона худнисор, биё. Лутф кун, то дубора кор ояд Дили соқит зи эътибор, биё.
Боғ омода ба таҷлили баҳор аст, биё,
Боғ омода ба таҷлили баҳор аст, биё, Дар раги барг сабо набзшумор аст, биё. Осмон омаду дар ҷӯ тани урёнро шуст, Ёди ман ёди туро оинадор аст, биё.