Сабадшохи дарахтон тӯр-тӯрист,
Сабадшохи дарахтон тӯр-тӯрист,
Шафақ дар рӯи он нони танӯрист.
Зари сурхе, ки аз мо даррабудӣ,
Туро нолозиму моро зарурист.
Саводи нағз дидан чун надорӣ,
Ҳама биноият, эй чашм, кӯрист.
Басе чашмобачашмон дилҷудоянд,
Қарибӣ низ ҳаммаънои дурист.
Ғами мову ту монанд аст, эй дӯст,
Бале, дар ҳамғамиҳо ҳамсурурист.
Найиву ҳуриям девист, девӣ,
Ҳайиву девиям ҳурист, ҳурист.