Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Баҳор мазҳари эъҷозҳои раббонист,

Баҳор мазҳари эъҷозҳои раббонист, Чаман бадеътарин «Жанг»-и ҳазрати Монист. Баҳор, барги гулатро бигиру нохун зан, Ки дар бирешими ҷонам навои найсонист. Аё муаллифи хуршеду моҳу сабзаву об, Зи килкат он чӣ барояд, ҳамеша ҳаққонист. Бигӯ, зи ҷониби худ ман чӣ метавонам кард, Ки ҷумла бастаи барномарези пешонист. Агарчи моили куфранд, боз медонам, Ки чашмҳои туро ҳам саводи ирфонист. Киӣ, ки некии офоқро муҷассамаӣ, Ки дар тамоми сулулат ғулувви инсонист. Садои рафтани умр аст тиқ-тиқи соат, Чунин давидани ин ҳарду номусалмонист. Буруни панҷара ҳоло баҳори хуршедӣ, Даруни панҷара аммо ҳавои боронист.