Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Гардун, ки дод фурсати некинисорият,

Гардун, ки дод фурсати некинисорият, Дорад кунун назораи фурсатшуморият. Умрат хуҷаста бод, ки некӣ ниҳодааст, Мӯҳри абад ба рӯзу шабони фирорият. Гул дар мазори дӯст ниҳодан чӣ ҳоҷат аст, Хуш он ки гоҳи умр биёяд ба ёрият. Мо дидаем дӯстнавозии ростин, Дар зиндагӣ ба рӯи раҳаш дилгузорият. Бо рӯдҳои рӯшани ботиннамо чу арш Пинҳон накун, ки фош бишуд ҳамтаборият. Гуфтори некро, ки таҳи кафши вақт буд, Берун кашид ҳиммати болобарорият. Имрӯз агар савораи пешин пиёда шуд, Гул бурдаӣ ба он ки ҳамедод хорият. Пушти қафас чӣ нола занад мурғи қудсият, Бо тирагӣ ҷиҳод кунад беғуборият. Одам кам аст, одамаконанд ин ҳама, Натвон гирифт рутбаи Одам ба орият. Арзандатар зи рутбаи одам мақом нест, Шоистаӣ ба ин насаби ифтихорият. Тақвим бо вазидани айём барг рехт, Бе баргрез бод вуҷуди баҳорият. Дунёву одамони варо бахш, эй бузург, Бе посух аст гар ҳамаи дӯстдорият.