Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Саҳар, бигӯ, ки чаро сурх шуд баногӯшат,

Саҳар, бигӯ, ки чаро сурх шуд баногӯшат, Ба толеи ту, ки хуршед шуд ҳамоғӯшат. Нишоти ёсумании баҳор мебахшад Таровати нафаси кӯчаҳои гулпӯшат. Аё ҳаёт, туро чун пиёлаи пурмай Ба даст дораму боре накардаам нӯшат. Бигӯ ба ёр, ки донистаам, ки барпо шуд Чӣ мадду ҷазри наве дар дили ҳавасҷӯшат. Ҳазор абр гиристам, такон нахӯрд, нахӯрд Ба зери шонаи чап хорасанги хомӯшат. Дигар ниёз надорад дили вафокешам Ба зулмҳои навини дили ҷафокӯшат. Ба иштибоҳ туро соҳиби дилам хондам, Аз ин вазифаи зебо кунам сабукдӯшат. Ба ҳаққи он, ки туро сахт ёд мекардам, Қасам, ки саҳлу сабук мекунам фаромӯшат.