Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилам зи партави дури ту орзузор аст,

Дилам зи партави дури ту орзузор аст, Нигоҳи ту нигаҳи офтоб бар ғор аст. Чӣ шодком шавад ғори офтобоғӯш, Ки умрҳо ба шуъои навозише зор аст. Дилам сукути чароғест чиллахонафурӯз, Ва ҳам шигифт, ки карнайнавози бозор аст. Ту тарҷумони забони ситорарези шабӣ, Шаб аст, чашми ман, оре, шаби пурасрор аст. Биё, ки фотиҳа хонем бар шаҳодати гул, Ки дар лабаш абадӣ хандаҳои хуншор аст. Дареғи қатра, ки бар хок рехт аз кафи барг, На ҳар кафест, ки мардона нозбардор аст. Ман аз навозиши ангушти ёр метарсам, Ки решҳои дилам ҳолиё баозор аст.