Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ӯст феҳрасту сарҷаридаи илм,

Ӯст феҳрасту сарҷаридаи илм, Ӯст бунёди ҷуду мояи ҳилм. Саноӣ Диле овар, ки чун дарё булӯрист, Садояш муждаи гулҳои сурист. Чунин дилро дили ман мешиносад, Дили поки Муҳаммадҷон Шакурист. Таҳаммулҳои айюбонаи ӯ Бигӯяд: маънии мардӣ-сабурист. Ба сар ӯро табар омад зи шаш сӯ, Нашуд бибрида, зеро нахли турист. Гирифторем бар он ҷазби содиқ, Ки ғайбаш пеши мо фаррухҳузурист. Чӣ бемисл аст ин фархундатаркиб, Ба симо одаму бар хулқ нурист.