Мо залилему мӯҳташам ишқ аст,
Мо залилему мӯҳташам ишқ аст,
Мо равонему муғтанам ишқ аст.
Дар ҷабини ману ҷабини ту
Он чӣ шуд аз азал рақам, ишқ аст.
Дар муноҷоти шаб муҳаббат гуфт,
Ки самовоти субҳидам ишқ аст.
Дар тапишномаи дили хушбахт
Сактаву садду зеру бам ишқ аст.
Кист он, кист он ягонатарин,
Он ки аз фарқ то қадам ишқ аст.
Чун бувад бартар аз намоз намоз,
Бартар аз ишқ боз ҳам ишқ аст.
Мақтаам нест, матлаъи ишқам,
То маро рашҳаи қалам ишқ аст.