Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дили ман чоркитоби ишқ аст,

Дили ман чоркитоби ишқ аст, Хоку бод, оташу оби ишқ аст. Дили ман рутбаи аршӣ дорад, Моҳу хуршеду саҳоби ишқ аст. Таҳ ба таҳ сахт муҳаббатхоҳ аст, Раҳ ба раҳ сахт қимоби ишқ аст. Мурду аз мурда батар шуд ҳама умр, Боз ҷӯёи азоби ишқ аст. Нозад аз мартабаи олии худ, Ин ки бонуи ҷаноби ишқ аст. Он чӣ аз ғайб ба ӯ меояд, На суол аст, хитоби ишқ аст. Ишқро бо чӣ тавонад пардохт, Ки фақат ишқ ҷавоби ишқ аст.