Боре маро ба фасли ҷавонии ман фирист,
Боре маро ба фасли ҷавонии ман фирист,
Бар ҳафт шаҳри тирукамонии ман фирист.
Дил чашмдори барқияи шодбоди туст,
Яъне баҳорро ба нишонии ман фирист.
Андак умеду андаки дигар нишотро
Бар рафъи дардҳои равонии ман фирист.
Тӯфони ишқ минтақаи амни мову туст,
Бо маҳзи лутф хатти амонии ман фирист.
Дар ҳалқаам нигинаи хуршедро гузор,
Ёқутро ба дурҷи ниҳонии ман фирист.
Он муждаро, ки ҷону ҷаҳон интизори ӯст,
Эй орзуи ҷону ҷаҳонии ман, фирист.