Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дило, муносибатат бо баҳор қонунист,

Дило, муносибатат бо баҳор қонунист, Чу савти об, ки дар ҷӯйбор қонунист. Ба хоҳиши дили мо чист посухи боло, Тамоми хоҳиши Парвардагор қонунист. Ситора аст сеторе, ки менавозад шаб, Ҳамеша хомӯшии ин сетор қонунист. Сетори ман, ки паси парда чанг бигрифтаст, Яке бурун шуданаш аз ғубор қонунист. Дило, мухолифати мо мувофиқат нашавад, Миёни мову ту ин гирудор қонунист. Барои сардиву беэътибории дили ту, Зи ҷониби дили ман ҳам ниқор қонунист. Ниқор чист, ба ҷуз дӯстдории ғоиб, Ҳақо, ки то ба абад ин қарор қонунист.