Булбул, ки кард ҳиҷрат, гул ноздонаи кист,
Булбул, ки кард ҳиҷрат, гул ноздонаи кист,
Булбул забонбурида, савсан забонаи кист.
Дар нӯҳ фалак садо зад фарёди беҷавобам,
К-он ошнои рафта дар ошёнаи кист.
Он шамъи анҷумафрӯз, он офтоби Наврӯз
Шодии рӯшани кӣ, нозу баҳонаи кист.
Аз хонақоҳи боло бонги маёмай ояд,
Хуршеди арғувонӣ оби муғонаи кист.
Эй пирзоли гардун, худро мазан ба гӯлӣ,
Захме, ки хӯрдаам ман, аз тозиёнаи кист.
Моро ба лутф бинвоз, қудсошёнаи ман,
Ин осмони нӯҳту дар рӯи шонаи кист.
Шаб номаест манзум аз ҳарфҳои анҷум,
Оҳ, ин таронаи кӣ, оҳ, ин таронаи кист?!