Бар наҷоти ман садоятро фирист,
Бар наҷоти ман садоятро фирист,
Ҷазбаи одамрабоятро фирист.
Раҳ кушо бар гумраҳони бечароғ,
Кавкаби фардонамоятро фирист.
Ҷӯйборам, бар таяммум карданам
Марҳамат кун, гарди поятро фирист.
Эй нигоҳат номаи тамдиди субҳ,
Номаҳоят, номаҳоятро фирист.
Даҷлаам, берун зи соҳил медамам,
Баҳри таскинам қабоятро фирист.
Мағфират кун ин гунаҳтаркибро,
Раҳмати бемунтаҳоятро фирист.
Ишқ гуфтам дар лаҷанзори касиф,
Ёр, ишқи кибриёятро фирист.
Гарчи бепосух нишинӣ дар фалак,
Чуни чуни ман, чароятро фирист.