Маҳи нав аст гулӯбанди гарданат, эй дӯст,
Маҳи нав аст гулӯбанди гарданат, эй дӯст,
Қасам ба шавкати рӯҳи таҳамтанат, эй дӯст.
Ба қатли тирагии ҷисму рӯҳи мо омад,
Сафои оинаи субҳхирманат, эй дӯст.
Дилам зи сарҳади сина берун намелағжид,
Фидои ҷазбаи хуршедафканат, эй дӯст.
Ҳанӯз ҳам мазаи бохтан намедонад
Нигоҳи фотеҳи чашми мутантанат, эй дӯст.
Барои он ҳама ҷабрат қасос мегирам,
Қасосам ин ки зи нав гӯям аҳсанат, эй дӯст.