Ҷаҳон зи шамси ту анвор чидааст, эй дӯст,
Ҷаҳон зи шамси ту анвор чидааст, эй дӯст,
Шарофати ту ба ман ҳам расидааст, эй дӯст.
Туи ягонатаринро дар ин мукарраргоҳ
Худо ба шодии мо офаридааст, эй дӯст.
Дили бузурги ту, эй маъмани ягонаи ишқ,
Ба эҳтироми дили кӣ тапидааст, эй дӯст.
Сипоси чашми ту гӯям, ки бо зуҷоҷи ғайб
Маро чунон, ки манам, нек дидааст, эй дӯст.
Ғулувв нест, ки субҳи наҷоти сактараҳон
Аз он ҷабини мушашаъ дамидааст, эй дӯст.
Муборакисму ҳумоюннасаб, ки омадаӣ,
Барои сабти ту дилҳо ҷарида аст, эй дӯст.
Сухан зи маҳди ту гуфтам, зи мадҳ лаб бастам,
Магӯ, ки ин ғазали ман қасида аст, эй дӯст.