Парешон, парешон, парешонам, эй дӯст,
Парешон, парешон, парешонам, эй дӯст,
Чӣ мебоядам, худ намедонам, эй дӯст.
Қадам неҳ ба бозори гавҳарфурӯшон,
Ба ин растаи гарми мижгонам, эй дӯст.
Чун абри сапеде бимон дар сари ман,
Ки танҳо шабиҳи биёбонам, эй дӯст.
Шаборӯз бигзашту ман ҳам гузаштам,
Кунун соҳилам ё ки тӯфонам, эй дӯст.
Бинеҳ дасти марҳам ба доғи дили ман,
Бимон ҷони нозанда бар ҷонам, эй дӯст.
Ман ин нестам ин ки имрӯз дидӣ,
Дигарбора бингар, ки ман онам, эй дӯст.
Либосе зи мӯинаи рӯбаҳам нест
В-агар ҳаст ҳам, боз урёнам, эй дӯст.
Ман ин як вуҷуди гаронбори худро
Куҷо монам, охир, куҷо монам, эй дӯст?!