Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Агар иҷоза диҳӣ, боз мезиям, эй дӯст,

Агар иҷоза диҳӣ, боз мезиям, эй дӯст, Маҷози асламу асли маҷозиям, эй дӯст. Агар гунаҳ кунам, аз дӯзахи ту бимам нест, Сақар ҳаросад аз ин худгудозиям, эй дӯст. Надонам ин ки бароят чӣ фарқ хоҳад дошт, Агар фарангияму гар ҳиҷозиям, эй дӯст. Такаббур аст, ки моро залил месозад, Зи сархамист ҳама сарфарозиям, эй дӯст. Дилам нав асту тааллуқ ба асри сӣ дорад, Бубахш ин ҳамаи пештозиям, эй дӯст. Ба ҳаққи он ҳама бигзаштаҳои нуронӣ Бубахш қудрати ояндасозиям, эй дӯст.