Ҳар чӣ фармоиям, ба ҷон, эй дӯст,
Ҳар чӣ фармоиям, ба ҷон, эй дӯст,
Ҳар чӣ гӯӣ, шавад ҳамон, эй дӯст.
Мурғи лоҳутиям зи хониш монд,
Бикушо қуфлаш аз забон, эй дӯст.
Ишқ гуфтам, варо фиристодӣ
Бо каси хокӣ армуғон, эй дӯст.
Аввалин имтиҳон, ки пеш омад,
Қосид афтид аз имтиҳон, эй дӯст.
Бар шукӯҳи ваю залолати ман
Ханда кардӣ аз осмон, эй дӯст.
Дар миёни дуруду падрудам
Нуктае гӯямат ниҳон, эй дӯст.
Васли мо восита намехоҳад,
Қосидеро макун равон, эй дӯст.
Ҳаст мафҳуми кӯтаҳи «ҳоло»,
Нест мафҳуми ҷовидон, эй дӯст.
Дар дилам хоҳиши танаффус нест,
Меравад, меравад замон, эй дӯст.
Марги хуршедро азо гирад
Чак-чаки ашки новадон, эй дӯст.
Ҳайф бошад, ки кори абр кунад
Дили хуршедҷавҳарон, эй дӯст.
Меравад кӯлбори сурх ба дӯш
Раҳгузоре ба бекарон, эй дӯст.