Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳанӯз равзанаи ман ба боғи гул боз аст,

Ҳанӯз равзанаи ман ба боғи гул боз аст, Ҳанӯз шаршара бо шаршара ҳамовоз аст. Бубин, ки ишқи ману ту азим монеа шуд Ба роҳи омадани дай, ки гулбарандоз аст. Ба ғайри хотираи ишқ дар дили доро Маро дигар чӣ захира, чӣ оқибандоз аст. Ҳанӯз тор ба тор интизори таҳрикам, Ҳанӯз парда ба парда дилам навосоз аст. Ай офтобтарино, ай офтобтарин, Бизӣ, ки ҳар нахи ҷонат ғулувви эъҷоз аст. Ду чашми туст ду олампаноҳу оламкуш, Ки зинда мекунадам, гарчи найзаандоз аст. Кай оҳувонатарин лаҳзаро нигаҳ дорам, Ки ин камандгусаста ҳамора дартоз аст. Дили хуҷандии ман ҳам, ки нокуҷоӣ шуд, Ҳазор нағмааш аз Балху Ҳинду Шероз аст. Зи баъди он, ки дусадбора хатм ёфтаам, Ҳанӯз фурсати зеботарини оғоз аст.