Дар лавҳи чаман чакомаи хуршед аст,
Дар лавҳи чаман чакомаи хуршед аст,
Имзои нафиси хомаи хуршед аст.
Ин шоҳсавори тундрав - яъне рӯз
Дар аспи чаҳоргомаи хуршед аст.
Савганд, ки яшти ҳуснро мехонам,
То дар сари гул амомаи хуршед аст.
Қалби ману ту, ки нур дар нур тапид,
Обуна ба рӯзномаи хуршед аст.
Хуршедҷабидаӣ, ки дар дахмаи дай
Ҳар як нафасат шамомаи хуршед аст.
Ҳар лаҳзаи зиндагии нуронии ту
Эй шамснасаб, идомаи хуршед аст.