Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

То туро, эй хуҷастамашраб, ёфт,

То туро, эй хуҷастамашраб, ёфт, Ишқи ман оқибат мухотаб ёфт. Аз залолат расид то рифъат Дил, ки бо амри дӯст мансаб ёфт. Шакаристони субҳро дар зад, Беҳтарин устоду мактаб ёфт. Ишқ, озодӣ ончунон, ки туро Метавон бе тариқу мазҳаб ёфт. Дили ман ҳам чу ишқ беҳаҷм аст, Натавонад ба хеш қолаб ёфт. Баъди садҳо сулуки аслу маҷоз, Ҳар кӣ пӯёст, асли матлаб ёфт. Офтоби ҳақиқии худро Оқибат дар ниҳояти шаб ёфт.