Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Давоми кӯча торик аст, аммо боз бояд рафт,

Давоми кӯча торик аст, аммо боз бояд рафт, Сӯи фарҷом шодон чун сӯи оғоз бояд рафт. Зи пушти нӯҳ фалак меояд овози наҷоти ёр, Дигар бебок сӯи охирин овоз бояд рафт. Давоми кӯча зебо нест, падруд, эй шукуфоӣ, Чу гул барбод шуд рӯъёи ман, беноз бояд рафт. Ҳазорон ҷурмро бо ғоза натвонам, ки пӯшонам, Кунун ҳам бар мулоқоти ту бепардоз бояд рафт. Даруни кӯлбори сурх муште роз бояд бурд, Ба пушти парда бо он кӯлбори роз бояд рафт. Магар дар бастани ман бори дигар дар кушодан нест? Чу мағлубам ва ё фотеҳ, қаламафроз бояд рафт. Агарчи оина метарсад аз тасвири сарди ман, Ба фардо рафт бояд, рафт, фардосоз бояд рафт.