Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Меравам, меравам, эй шаҳр, ба маҷрои сапедат,

Меравам, меравам, эй шаҳр, ба маҷрои сапедат, Нигаҳам мешиканад маҳви таҷаллои сапедат. Ман киям, он ки буридаст зи сарчашмаи дураш Шарҳа - шарҳа, шоха - шоха ҳамчу дарёи сапедат. Соқаи рӯд бибӯсад киштии субҳнавардат, Сина бар мавҷ бимолад қуи танҳои сапедат. Рӯҳи шарқии ту дар ҷисми фарангӣ нашикебад, Ҷомаи сабз бизебад ба саропои сапедат. Ишқ дар сурати як роҳиби дилбохта омад Ба мани раҳрави Каъба зи калисои сапедат. Дили ман бурҷи калисо шуду зангӯлаи нав зад Ба тулӯи зиндагибахши Масеҳои сапедат. Баъди садҳо шаби ялдо бӯсаи субҳ ҷабидам, Меравам, меравам имрӯз ба маънои сапедат. Шаҳсаворе, ки саропои ту аз нур сиришта, Медиҳад фотиҳаи нек ба фардои сапедат. Шаҳри дарёии хуршеднадида, ба ту падруд, Эй фурӯғи малакут оташи симои сапедат. Қимати тӯҳфа гарон аст дар ин шаҳри мурассаъ, Мебарам дар дили нодор таманнои сапедат.