Гарчи ҳар рӯзи Худо рӯзи муборакқадам аст,
Гарчи ҳар рӯзи Худо рӯзи муборакқадам аст,
Рӯзи милоди ту, эй ёр, саодатрақам аст,
Раҳ ба раҳ боз кунам ҷойнамози коғаз,
Ишқ, бархез, ки ҳангоми рукӯи қалам аст.
Ба тавофи ҳаҷару-л-аҳмари ман дер накун,
Санги сурхест фурӯзон, ки даруни ҳарам аст.
Ба ниҳон омаду дар пешгаҳи дил ҷо шуд
Ёди бологузари ту, ки басе мӯҳтарам аст.
Бо дилам омадани сабзи ту донӣ, ки чӣ кард,
Сақаристон зи қадамҳои ту боғи Ирам аст.
Дер шуд, дер ба навсӯзии хуршеди ғуруб,
Пайки ҳотиф расад аз арш, ки на, субҳидам аст.