Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ақли ҳазортаҳлил, тадбири кор чун аст,

Ақли ҳазортаҳлил, тадбири кор чун аст, Гуфтам, ки доварӣ кун, гуфтӣ: чӣ озмун аст. Дидӣ, ки чархи фосиқ чун кард бо фаришта, Аз ошёни чорум хуршед сарнагун аст. Як тарҷумон надорад оинаи дили ман, Оинае, ки ҳарфаш акси тулӯъи хун аст. Ҷарроҳи ғайбро гӯ, бар кӯмакам шитобад Ором мерабояд хоре, ки дар дарун аст. То чанд метавон рафт бо маҳмили шикаста, Эй ҳамсафар, фуруд о, моро кӣ раҳнамун аст. Бовар накун, азизам, бар ваъдаи саъодат, Бар ваъдааш напояд дунё, ки сахт дун аст.