Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Имрӯз рӯзи оинадорон аст,

Имрӯз рӯзи оинадорон аст, Фархундаҷашни нуртаборон аст. Ҳар як гулу гиёҳ саодатманд Аз соядасти обии борон аст. Ҳамҷавҳару ҳамоинаи ман ӯст, Он ки дилаш зи субҳтаборон аст. Эй сабзи сабз, баҳри мани носабз Чашми ту тарҷумони баҳорон аст. Садлахт шуд паранди нафиси дил, Ҳар лахти дил зи шукргузорон аст. Шобош, эй ягонатарини ман, Эй он ки ғамкаши ту ҳазорон аст.