Ба сулуки дароз хоҳам рафт,
Ба сулуки дароз хоҳам рафт,
Ба футӯҳи фароз хоҳам рафт.
Раҳ ба раҳ то фарози истиғно
Аз нишеби ниёз хоҳам рафт.
Қавми хуршедкуш сиёҳам кард,
Сӯи хуршедсоз хоҳам рафт.
Бо танам рафтаам ба мулки Фаранг,
Бо дилам бар Ҳиҷоз хоҳам рафт.
Бо дили бе тулӯъву бе тафсир
Мисли як ғунча роз хоҳам рафт.
Бо ризои ту омадам, эй дӯст,
Бо ризои ту боз хоҳам рафт.
Бо ҳазор эътироз зистаам,
Бо ҳазор эҳтизоз хоҳам рафт.
Омадам дар ҳақиқат омадан аст,
Рафтанам бо маҷоз хоҳам рафт.