Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй расида аз фардо, то ту чун тавонам рафт,

Эй расида аз фардо, то ту чун тавонам рафт, Эй ҳанӯз нопайдо, то ту чун тавонам рафт. Рӯди рострав будам, нағмасози нав будам, Ман, ки бохтам маҷро, то ту чун тавонам рафт. Рахт баст фарвардин бо таҷаллии насрин, Охир, эй ҳамин ҳоло, то ту чун тавонам рафт. Ҳусни рафта мехонад хутбаи ғуруби ишқ, Эй зи ҳусн ҳам зебо, то ту чун тавонам рафт. Дарди ман дигар пир аст, чора сохтан дер аст, Эй абераи Сино, то ту чун тавонам рафт. Ҷои ҳасрату падруд рӯзи марг хоҳам гуфт: Ассалом, эй Фардо, то ту чун тавонам рафт.