Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дили гултабор, фурсат ҳаст,

Эй дили гултабор, фурсат ҳаст, То гусели баҳор фурсат ҳаст. Гунаҳам кӯҳу тавбаам коҳест, То ба рӯзи шумор фурсат ҳаст? Рашҳаи сурхи лолаи дилро Боз бар интишор фурсат ҳаст? То замоне, ки ҳаст дар хати умр Мӯҳри Парвардагор, фурсат ҳаст. Бори дигар ба гӯши ман бифирист Гимни гул, яшти хор, фурсат ҳаст. Макун, эй набз, корпартоӣ, То ба поёни кор фурсат ҳаст. Тапиши охирини дил гӯяд: Ҳолиё дӯст дор! Фурсат ҳаст.