Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Нознозон меравад ҷӯбори маст,

Нознозон меравад ҷӯбори маст, Шаб ба шаб домони пуркавкаб ба даст. Сояҳои заврақи заррини маҳ Меравад рӯ-рӯи ҷӯ болову паст. Осмони шаб бад-он фарру ғурур Гӯиё дар ҷӯй афтоду шикаст. Мо, ки чашм аз ваҳми шаб пӯшидаем, Оби ҷӯ чашмобачашми шаб нишаст. Ин хати ҳулбӯии навсабз бин, Ин ки дар лабҳои ҷӯ шероза баст. Эй ки дар оби хиромонгарди ҷӯ Сояи мижгон фурӯ кардӣ чу шаст. Дар дили ман ишқро ташхис кун, Муждаам бахшо, ки, оре, ҳаст, ҳаст. Дар гили берӯҳи мо Парвардагор Ишқро андохт он рӯзи аласт. Пур шав аз ин диданиҳои латиф, Эй дил, эй дил, эй дили зебопараст. Пур шав имшаб, пур шав аз анвори нақд, То шаби дигар чӣ медонӣ, чӣ ҳаст.