Як шакарханда бомдод фирист,
Як шакарханда бомдод фирист,
Ба тилисмоти мо кушод фирист.
Сура-сура саодат эҳдо кун,
Оя-оя хату савод фирист.
Қосидеро агар фиристонӣ,
Ҳурмузоину ринду род фирист.
Бо шафақ, бо сапедаву сабза
Хешу ҳамхуну ҳамнажод фирист.
Дар миёни ману баҳори навин
Тозапаймони иттиҳод фирист.
Дар куҷо, тақ-тақи фузун зи куҷо,
Ба муридони худ мурод фирист.
Эй фиристандаи ягонатарин,
Бар дилам ишқи умрбод фирист.