Эй ки вуҷудат чу дурр дар садафи олам аст,
Эй ки вуҷудат чу дурр дар садафи олам аст,
Бош, ки аз буданат будани мо хуррам аст.
Гом бинеҳ раҳ ба раҳ, то гули сурӣ дамад,
Варна ин офоқ чист? Шашдараи мотам аст.
Нозгулони чаман оинадорӣ кунанд,
Шабнамак оина аст, оинаи Марям аст.
Ваҳдати зебо бувад шабнаму хуршедро,
Фурсати ин растухез камтарак аз як дам аст.
Он сӯи деворҳост субҳи масеҳонафас,
Панҷаи ман нотавон, равзанаҳо маҳкам аст.
Ҳар нафаси ман маро, ҳар сухани ман маро
Оҳ, чӣ бегона аст, оҳ, чӣ номаҳрам аст.
Як суханам сохта, як суханам сӯхта,
Рост, ки бо сохта сӯхтаам тавъам аст.
Чоҳнишино, дигар дил ба сиёҳӣ мадеҳ,
Ин ки биёмад қариб, қофилаи Рустам аст.
Он ки висолам биҷуст, шодии дерошност,
Он ки зи ман сер шуд, ёри қадимам-ғам аст.