Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Борҳо гавҳардиле дидам, ки хаспироҳан аст,

Борҳо гавҳардиле дидам, ки хаспироҳан аст, Покии дарё бубин, ҳарчанд ӯ тардоман аст. Дӯсттар аз ту маро, эй беназира, дӯст нест, Хасмтар аз ман намедонам, маро кӣ душман аст. Дӯстии як туи бемисл ҷуброн мекунад Душмании сад ҳазоронро, ки бадхоҳи ман аст. Модарам бардошт сақфи осмонро рӯи даст, Пирии ӯ нозанинтар аз ҷавонии ман аст. Офарин бар бегазандии ту, эй қалби матин, Эй ки бар номат ҳазорон лаънат асту аҳсан аст. Сад ҷаҳон шодиву ғам дар сурханбони дил аст, Сад ҳазорон кӯҳ дар китфи наҳифи арзан аст. Соликона меравам ман бар тавофи субҳи нав, Далқи имон дар вуҷуди наввузӯям ҷавшан аст.