Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хона рӯбем, ки ид омадааст,

Хона рӯбем, ки ид омадааст, Иди фархунданавид омадааст. Сабр ҳал кард ҳама масъаларо, Ба дари баста калид омадааст. Бахти хӯсида, ки рӯгардон буд, Боз бар гуфтушунид омадааст. Дӯст, ҳастии ҳумоюнии ту Аз ҳама фазл падид омадааст. Растаи нурфурӯшӣ бикшо, Шамсро бин, ба харид омадааст.