Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар чортоқи боло хуршед мисли Занд аст

Дар чортоқи боло хуршед мисли Занд аст Тоқе, ки себ мондам, аз нӯҳ фалак баланд аст. Он сӯи хотири ман - дар ҷаннати ҷавонӣ Субҳи кушоди ғунча, шоми ситорабанд аст. Худро диҳам тасалло бо фикри он, ки фардо Ин кӯҳнаколаро ҳам завқе ниёзманд аст. Медорадам саломат он ҳақгузори якто, Гарчи зи чор сӯям таҳдиди сад газанд аст. Бар дафъи чашмзахме ҷодугаре наҷӯям, Дар миҷмари дили ман ёди хушат сипанд аст. Баъди хазону яғмо табрик кун, ки ҳоло Дар боғи навраси ман сад муғча сабзханд аст.