Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар ин қарне, ки бе Маҷнуну Лайлост,

Дар ин қарне, ки бе Маҷнуну Лайлост, Ҳама офоқ маҷнунхонаи мост. Сухан аз бастагии роҳи фикр аст, На аз занҷиру аз завлонаи пост. Сухан аз қалбҳои бесавод аст, Вагарна ишқ дар ҳар зарра хоност. Надорӣ ҳеч чизи дастнорас, Дилат беҳудазори бетаманност. Накардӣ ҳеч гаҳ яктопарастӣ, Дили бодии ту якчандмаҷрост. Шикан он лӯъбатакҳои фузунро Ба номи он, ба номи он, ки яктост. Ба чашмонам чакон як чакраи шукр, Ки чашми дӯст бинам дар чапу рост.