Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шеъри ман гоҳвори ишқи шумост,

Шеъри ман гоҳвори ишқи шумост, Кӯдаки чашмчори ишқи шумост. Соз такрору сӯз нотакрор, Пайрави тозакори ишқи шумост. Қаҳ-қаҳи талху нам-нами ширин, Хандаи ашкбори ишқи шумост. Ё нафас, ё сукут, ё фарёд, Ё ҳаво, ё фишори ишқи шумост. Охирин барги сабзи фасли хазон- Ёдгори баҳори ишқи шумост. Шеъри ман ҳамчу машъали ҷовид Зинда андар мазори ишқи шумост.