Биёмад сабо, хоби булбул шикаст,
Биёмад сабо, хоби булбул шикаст,
Зи хамёзае рӯзаи гул шикаст.
Ба соқи афифи бунафша расид,
Адаб пушти по зад, таомул шикаст.
Дилам боз девонагиҳо намуд,
Ки аз банд расту таҳаммул шикаст.
Худо пул кашид аз дилам то дилат,
Хиёнат, ки по монд, он пул шикаст.
Паси парда умрам ниҳон меравад,
Ҳамин лаҳза бояд тағофул шикаст.
Биё, ишқ, бар ман таҷаммул бидеҳ,
Ки барқи таҷаммул таназзул шикаст.
Ҳама ҳарфи ман як ба як саф кашид,
Чунон ҳам бараҳна, ки самбул шикаст.