Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ба номи гул, ба нишонии боғ нома фирист,

Ба номи гул, ба нишонии боғ нома фирист, Зи чашми сабз ба чашми сияҳ чакома фирист. Агар суроғаи қалби маро намедонӣ, Хате ба ҷониби гардуни нӯҳамома фирист. Чу ишқ мурд, қалам ҳам фалаҷ шуду афтод, Ба зодрӯзи муҳаббат дубора хома фирист. Зи зарбаҳои фалак зарбаи дилам гум шуд, Ба чорзарби дилам боз ҳам идома фирист. Барои зистани ман васила пайдо кун, Зи ҳарфҳои шакарпора шаҳдкома фирист. Ҳанӯз номаи падруди мо, ки н-омадааст, Ба номи одаму олам саломнома фирист.