Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Медонам, ин ки зистаам сахт нодуруст,

Медонам, ин ки зистаам сахт нодуруст, Чобукнамои коҳилу коҳилнамои чуст. Тақ–тақ задам ба сад дари сурхеву во нашуд, Тақ-тақ задам ба шашдара дар орзуи дӯст. Лаззат наёфт он ки туро саҳл-саҳл ёфт, Лаззат гирифт он ки туро сахт-сахт ҷуст. Ҳаргиз туро ба бохтан омода нестам, Эй зиндагӣ, чӣ гуна тавон аз ту даст шуст. Дар сақфи осмони расадхонаи дилам Як офтоб ишқу ҳазор анҷум орзуст. Аз ман пазир сурати ташхиси қалбро, Чун соядасти ман, ки ба номи азизи туст. Сад бор ҳам тамом бигӯиву вассалом, Афсонаро шурӯъ кунам боз аз нахуст.