Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бо чунин дил, ба Худо, зистанам душвор аст,

Бо чунин дил, ба Худо, зистанам душвор аст, Чунки дар ҳар тапишаш зеру бами бисёр аст. Вақт бо зарбаи фурсатшиканаш мегӯяд, Фурсати хомӯшият нест, дами изҳор аст. Барф бориду баму зери ҷаҳон яксон шуд, Пушти кӯзи фалак андар назарам ҳамвор аст. Гарчи пешонии афлок кушод аст, вале Дар сараш бори хаморандаи нӯҳ дастор аст. Чист пирӣ, ҳамагӣ фасли ризову таслим, Навҷавониву ҷунун марҳалаи инкор аст. Раҳ ба раҳ дар ҳама дил машъала бояд афрӯхт, Дили мову ту дар ин масъала ҳам ҳамкор аст. Бо чунин покрисолат чӣ шарафмандам ман, Ки муҳаббат ба дилам то ба қиёмат бор аст.