Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилам як вақтҳо дурҷи муҳаббат буд, акнун нест,

Дилам як вақтҳо дурҷи муҳаббат буд, акнун нест, Ду чашмам бо ду чашмат ҳамтариқат буд, акнун нест. Дар он талхии васловаслу ширинии ҳаҷроҳаҷр Дили ман бо дили ту ҳамсаодат буд, акнун нест. Дар он фасле, ки шабнам мечакид аз обдасти субҳ Гули урдибиҳиштӣ ботаҳорат буд, акнун нест. Набудам кӯҳпаймоеву будам рӯҳпаймое, Маро бар инчунин меъроҷ ҳиммат буд, акнун нест. Дилам маъзул шуд аз рутбаи олии дил будан, Тапишҳои варо ҳам вақту мӯҳлат буд, акнун нест. Чаро дер омадӣ, эй ишқ, эй ояндаи рафта, Барои интизорӣ низ фурсат буд, акнун нест.