Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳар касе, ки хоҳӣ бош, кори ман қазоват нест,

Ҳар касе, ки хоҳӣ бош, кори ман қазоват нест, Офтоб ё хаффош, кори ман қазоват нест. Остин бияфшондам бар ҳубуту меъроҷат, Маҳравӣ ва ё фаррош, кори ман қазоват нест. Ҷустаӣ зи гӯристон мурдаи тилодандон, Гар ту дуздиву наббош, кори ман қазоват нест. Мушаке зи сӯрохӣ гар кунад мазоҳи шер, Ман чӣ мекунам пархош, кори ман қазоват нест. Аз паси хушомадҳо кинаҳои дарранда Мекунанд худро фош, кори ман қазоват нест. Тӯдаи сақарботин наҳсу куфру бидъатро Мекунанд ҳар сӯ пош, кори ман қазоват нест. Ҳар гуноҳи пинҳонро чашми ғайб мебинад, Ӯ, ки медиҳад подош, кори ман қазоват нест. На, набоядам тан дод бар ҳуҷуми бедодӣ, Баъд аз ин нагӯям, кош, кори ман қазоват нест.