Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар хонаи чашми ман ҷуз ашк муқиме нест,

Дар хонаи чашми ман ҷуз ашк муқиме нест, Дар гӯшаи лабҳоям ҷуз оҳ насиме нест. Боло нигарӣ фанд аст, поён нигарӣ, фисқ аст, Аз дӯзахи он дунё касро ғаму биме нест. Дарёи булӯринмавҷ мурдоби гунаҳҳо шуд, Ин ҷо ҳама ғуконем, лӯълӯи ятиме нест. Дар тинати мо акнун ҷуз тирагии мутлақ Шайтони раҷиме ҳаст, раҳмону раҳиме нест. Эй сабзтар аз Тубо, эй тозатар аз Кавсар, Аз ҷаннати дури ту, ҳайҳот шамиме нест. Дар ҳуққаи дил нозад дурдонаи ишқатро Оне, ки ниёзеаш бар зевару симе нест.