Овоза шуд ба шаҳр, ки дарё дамидааст,
Овоза шуд ба шаҳр, ки дарё дамидааст,
Сарҳӯву побараҳна зи ҳар ҷо дамидааст.
Пулро шикастаасту раҳи халқ бастааст,
Ин пошикаста то ба куҷоҳо дамидааст.
Гӯ аҳли шаҳрро, ки чӣ талвоса мекунанд,
Дарё ҳанӯз боадабу нодамидааст.
Табрик, эй баҳор, ки якрӯзаӣ, вале
Дар рӯи содаат хати хоно дамидааст.
Охир гули муҳаммадии ман тулӯъ кард,
Чун дар қафас насими Масеҳо дамидааст.
Фардо бубин, ки наргису бобунаву ҳино
Аз хоки ман чу чашми тамошо дамидааст.
Ин субҳи гулхурӯҷ зи пешонии само
Хуршед ҳамчу нури таҷалло дамидааст.