Ҳамчун малак парро кушо, парвози боло хоҳамат,
Ҳамчун малак парро кушо, парвози боло хоҳамат,
Аз ҳар чӣ зебо бинамат в-аз ҳар кӣ боло хоҳамат.
Бетобу бетаб гаштаӣ, маҳбуси қолаб гаштаӣ,
Боре лаболаб гаштаӣ?!- Мастии дарё хоҳамат!
Аз гӯшашинон дуртар, аз нуктачинон дарҳазар,
Бонии рӯҳи рафтагон, ғамхори фардо хоҳамат!
Эй сардият чун офтоб, эй айби ту айни савоб,
Чун табли рӯзу рӯшанӣ, чун савти шабҳо хоҳамат.
Шояд туӣ худсохта, бар макри ман пардохта,
Ман толиби асли туям в-аз асл авло хоҳамат!